Амирқул Азимов, собиқ прокурори генералии Тоҷикистон, собиқ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, собиқ мушовири давлатии Эмомалӣ Раҳмон, собиқ муовини вазири корҳои дохилии ҶТ меҳмони навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо мешавад. Ба ин фонд журналисти маъруфи тоҷик ва олим, профессор Иброҳим Усмонов роҳбарӣ мекунад.
Маҳфили навбатӣ бо иштироки Амирқул Азимов соати 16-30-и рӯзи 28 январ дар маркази савдои «Пойтахт» доир мегардад.
Амирқул Азимов ба саволҳои иштирокдорони маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо» дар мавзӯи рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе, сабабҳо ва омилҳои асосии рух додани он посух мегӯяд.
Амирқул Азимов 30 марти соли 1948 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Ленинобод (феълан Суғд) тавваллуд шудааст.
Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (соли 1972).
Аз соли 1972 - муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.
Дар Артиши Шӯравӣ ба сифати афсар хизмат кардааст, сипас ба ҳайси муфаттиш, сармуфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказӣ, сармуфаттиши прокуратураи шаҳри Душанбе, сармуфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими назди Прокуратураи ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Солҳои 1978-1992 - сардори Шуъбаи тафтишоти Раёсати тафтишоти Прокуратураи ҶШС Тоҷикистон/ҶТ.
Ҳамзамон солҳои 1990-1991 - роҳбари Гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералии Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба тафтиши рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990.
Солҳои 1992-1994 - муовини вазири корҳои дохилии ҶТ.
Солҳои 1994-1995 - мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба масъалаҳои мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ.
Апрели соли 1995- августи соли 1996 - Прокурори генералии Тоҷикистон.
Аз моҳи августи соли 1996 - Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон (то июли соли 2001).
Аз моҳи майи соли 2011 то моҳи марти соли 2015 - вакил, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии ҶТ оид ба мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ.
Дорои рутбаи генерал-лейтенант.
Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста