Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон овозаҳои мухталифро дар хусуси гӯё фирори як гурӯҳ кормандони Воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ ҶТ дар ВМКБ аз ҷойи хизмат қатъиян рад менамояд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ, кӯшиши мазкур аз тарафи гурӯҳҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ роҳандозӣ карда шуда, барои гумроҳсозии ҷомеа ва ташаннуҷи сулҳу субот дар мамлакат равона гардидааст.
Дар маълумоти расмии КДАМ ҶТ зикр мегардад, ки ҳоло тамоми ниҳодҳои зертобеи КДАМ ҶТ дар ҳолати муқаррарӣ ва бо назардошти риояи қатъии уҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти касбии хешро идома дода истодаанд. «Бинобар ин, аз кулли шаҳрвандони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва беасос бовар накунанд», - қайд мешавад дар маълумот.
Ёдрас мекунем, ки аз охири ҳафтаи гузашта овоза шуда буд, ки шаби 21 ба 22 январ як гурӯҳи иборат аз 11-12 нафар ҷангиёни Воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ ҶТ, ки ба ВМКБ фиристода шуда буданд, аз ҷойи хизмат гурехтаанд. Зикр мегардид, ки ҷангиёни «Алфа» пурра бо аслиҳаи ҷангӣ макони будубошро тарк кардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста