Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпотт мулоқот доир намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва савдои одамон табодули афкор намуданд.
Дар робита ба ин вазири корҳои дохилӣ ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ ва гирифтани пеши роҳи терроризм, кочоқи воситаҳои нашъадор ва дигар намуди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуд.
Зикр гардид, ки мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои муқовимат бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори дорои алоқаҳои байналмилалӣ, ҳамеша яке аз вазифаҳои асосии мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон, ки дар сафи пеши мубориза бар зидди маводи мухаддир ҷой дорад, чораҳои ҳаматарафаро дар ин самт меандешад.
Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби дар навбати худ изҳор намуд, ки «Бартараф намудани тамоми ин оқибатҳо танҳо дар сурати ҳамкорӣ ва кӯшишҳои муштараки байналмилалӣ имконпазир мебошад ва ман боварӣ дорам, ки ҳамкории ду кишвар дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ боз ҳам васеъ ва мустаҳкам хоҳад гардид»




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста