Аввали моҳи март дар қаламрави гарнизони Хатлон машқҳои бузургмиқёси фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ ва кормандони мақомоти давлатии кишвар доир мегардад, ки аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин тамринҳо, ки ҷалби ҳудуди 50 ҳазор нафар афсарону сарбозон бо шумули ҳарбиёни эҳтиётӣ дар назар аст, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ иштирок мекунанд. «Шумори иштирокчиёни машқҳо аз ҷониби пойгҳи низомии Русия мавриди мувофиқа қарор дорад», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Ф.Маҳмадалиев, дар тамринҳо сафарбарии авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаи сабуки оташфишон ва артиллерия ба нақша гиифта шудааст.
Дар тамринҳо тарзу усулҳои ташкили мудофиаи қаламрав, сафарбарии ҳарбиёни эҳтиётӣ ба мудофиаи миллӣ ва ҳамчунин машқҳои фармондеҳӣ-тактикӣ ва фаврии зиддитеррористӣ мавриди омӯзиш ва дар амал иҷро карда мешаванд.
Хабаргузории TojNews дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ҳарбиҳои Тоҷикистону Русия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамриноти муштарак барои нобудсозии ҷангҷӯён баргузор мекунанд.
Гуфта мешавад, генерал-полковник Владимир Заруднитский, фармондеҳи нерӯҳои Округи ҳарбии марказии Русия эълон доштааст, ки дар ин тамринот ҳудуди 1 ҳазору 500 нафар аз ҳарбиён ва 500 техникаи ҳарбӣ ширкат хоҳад кард. Баргузории тамрини ҳарбии муштарак дар моҳи март ба назар гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста