Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 2 феврали соли равон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент (АНМН)-и ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назарзода, ки аз соли 1999 ин сохторро роҳбарӣ мекард, аз вазифааш озод карда шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, генерал Назарзодаро дар Агентии назорати маводи нашъаовар собиқ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода иваз мекунад, ки аз моҳи марти соли гузашта раҳбарии Федератсияи иитифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро ба уҳда гирифта буд.
Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Рустам Назарзода раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъин шудааст.
То ин замон Кумитаи мазкурро Хайриддин Абдураҳимов роҳбарӣ мекард, ки ба ҷойи генерал-полковник Саидамир Зуҳуров сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати ҶТ таъин шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста