Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов, ки рӯзи 2 феврал ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, имрӯз дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни Қувваҳои Мусааллаҳи ҳарду кишварро баррасӣ карданд.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масоили таҷдиди артиши миллии Тоҷикистон бо кумаки Русия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
«Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масъалахои ҳамкории ҷонибҳо дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таҳдиду чолишҳои нави замони муосир табодули назари судаманд сурат гирифт», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки муовини вазири мудофиаи Русия имрӯз аз пойгоҳи низомии 201-уми кишвараш дар Тоҷикистон боздид намуда, шоми имрӯз ба Маскав бармегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста