Зимни сафар ба Душанбе муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов изҳор доштааст, ки бо назардошти таҳдидҳои бармеомада аз Афғонистон, Русия ба Тоҷикистон ҳамаҷониба бо аслиҳаву техника кумак мекунад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.
«Дӯстону бародарони тоҷики мо имрӯз барои худ таҳдиду хатарҳои нав эҳсос мекунанд, ки бо инобати мушкилоти ҷойдошта аз қаламрави Афғонистон бармеоянд. Барои мо муҳим аст, ки ҷараёни рӯйдодҳо дар он ҷо ва чӣ тадбирҳо андешидани шуморо бифаҳмем ва албатта, ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамаҷониба бо аслиҳаву техникаи низомӣ ва дигар дастгоҳу лавозимоти зарурии ҳарбӣ кумак кунем, ки то ки сатҳи омодабошии ҷангии онҳо дар сатҳи баланд бошад», - иброз доштааст ӯ.
Ба гуфтаи Антонов, Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ барои Русия шуморида мешавад. «Мо бар ин назарем, ки то чӣ қадр таъмини амният Тоҷикистон хубтар бошад, ҳамон қадр амнияти Русия ҳаам беҳтар хоҳад буд», - илова кардааст муовини вазир мудофиаи Русия.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста