Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар мақомоти дахлдор машварати корӣ доир намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо таваҷҷуҳ ба вазъи нигаронкунандаи минтақа ва ҷаҳон масоили вобаста ба пурзӯр намудани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ, самарабахш ба роҳ мондани машқу машғулиятҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ зоҳир гардид.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, “ҳифзи боэътимод аз марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз сохторҳои дахлдори кишвар беш аз ҳарвақта омодагии доимӣ, ҳушёрию зиракӣ ва маҳорату малакаи баланди касбиро талаб мекунад”.
Дар робита ба таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз тавсиаи ифротгароӣ таъкид гардид, ки бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла бо омӯзгорон ва мактаббачагону донишҷӯён, аҳли илму фарҳанг, ходимону олимони дин, сиёсатмадорону ҷомеашиносон ва дигар фаъолони ҷомеа доир ба пешгирӣ аз гумроҳсозии наврасону ҷавонони ноогоҳ бояд ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад.
Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодию коррупсионӣ, истифодаи сарфакорона ва самарабахши маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои моддию техникӣ ҳам дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста