Дабири кулли СММ Пан Ги Мун хостори он шудааст, ки маълумоти хароб шудани мактаб дар наздикии музофоати Алеппои Сурия мавриди таҳқиқ қарор бигирад. Ҳомиёни ҳуқуқ дар ин амал Нерӯҳои низомии кайҳонии Русияро муттаҳам мекунанд.
«Мо бо маълумотҳо дар бораи ҳамла ба мактабҳо шинос шудем. Аён аст, ки Дабири куллли СММ аз ин маълумотҳо дар шаҳри Айн-Жара, наздикии Алеппо хеле нигарон аст», - изҳор доштааст намояндаи Дабири кулли Созмон Стефан Дюжарик. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи номбурда, «мутаассифона, маълумот доир ба ҳуҷум ба мактабу муассисаҳои тиббӣ тайи ҳафтаҳои ахир зиёд мерасанд». «Агар ин тасдиқ шавад, ҳамлаи имрӯза нақзи ҷиддии ҳуқуқи байнулмилалии башардӯстӣ аст», - гуфтааст ӯ.
Дюжарик таъкид доштааст, ки «Дабири кулли СМИ ба тафтиши пурра ва мустақили ҳодисаи мазкур ва ба ин монанад ҳамлаҳо даъват кардааст».
Бино ба маълумоти агентии Franse-Press, Шӯрои амнияти СММ рӯзи чоршанбе Русияро ба хотима бахшидан ба зарбаҳои ҳавоӣ ба минтакаи Алеппои Сурия даъват карда буд. Ҳамчунин ҳамин рӯз дар Шӯрои амнияти СММ оид ба масоили буҳрони гуманитарӣ дар Алеппо машваратҳои пӯшида баргузор шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста