Намояндагони ҳукмати маҳаллии деҳаи Кулундуи вилояти Ботканди Қирғизистон имрӯз парчами кишварашонро аз боми манзилҳои хонаи шаҳрвандони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барканданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Саараёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, зимни вохӯрии намояндагони сохторҳои марзии ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил шудааст, ки то пурра таъйину аломатгузорӣ шудани марзи давлатӣ дар қитъаҳои баҳснок, нишону рамзҳои давлатии на Тоҷикистону на Қирғизистон гузошта намешаванд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 9 феврал Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз насби парчами Қирғизистон бар боми хонаи шаҳрвандони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров изҳори нигаронӣ карда, ба мақомоти Қирғизистон нота ё худ ёддошти эътирозӣ фиристод.

Дар ин бора  Радиои Озодӣ  бо такя ба маълумоти дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, дар ин ёддошт аз вуруди ғайриқонунии раҳбари яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон ва сарҳадбонҳои он кишвар ба ҳудуди рустои ба номи Ҳалим Бобоеви ҷамоати Овчӣ-Қалъача изҳори нигаронӣ шуда  буд.

Ҷониби Тоҷикистон талаб карда буд, ки Қирғизистон вобаста ба ин қазия тафтишоти мунсифона барад ва омилонашро ба ҷавобгарӣ бикашад. Инчунин, дар ин ёддошт аз ҷониби Қирғизистон хоста шудааст, ки дар оянда аз ҳамагуна худсариҳо ҷилавгирӣ намояд.

Қобили зикр аст, ки тақрибан 30-40 марзбони қирғиз рӯзи 6 феврал вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар болои манзили зисти Муҳаммадалӣ Абдулвалиев ва Абдуғаффор Ҷалолов - сокинони ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - парчами кишварашонро насб карда, иддао кардаанд, ки манзили Муҳаммадалӣ Абдувалиев дар хоки Қирғизистон аст ва соҳибаш бояд онро холӣ кунад.