Шоми рӯзи 17 феврал дар маркази шаҳри Анқара, каме дуртар аз бинои парлумон, Вазорати мудофиа ва қароргоҳи нахуствазири Туркия таркиш ба вуқӯъ пайваст.
Бино ба иттилои CNN Turk , намояндагони мақомоти пулиси ин кишвар дар ин робита изҳор доштаанд, ки автомашинаи минагузоришуда мавриди инфиҷор қарор гирифта, тибқи маълумоти пешакӣ, бар асари ин таркиш дар пойтахти Туркия, зиёда аз 20 нафар ҳалок ва боз беш аз 60 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Тибқи маълумоти ВАО, ҳадафи ин амал тарконидани автобусе будааст, ки дар дохили он низомиёни туркӣ ҳузур доштаанд. Ҳукуматдорони Туркия ин ҳодисаро амали террористӣ хонда, нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу бинобар сабаби ин ҳодиса сафараш ба Брюсселро мавқуф гузоштааст. Рӯзи панҷшанбе Довудоғлу бояд озими Брюссел мешуд, то ки оид ба узвияти Туркия ба Иттиҳоди Аврупо гуфтушунид анҷом диҳад.
Гуфта мешавад, ҳукуматдорони Туркия паҳн кардани маълумоти ғайрирасмӣ дар бораи таркишро манъ кардаанд. Ба васоити ахбори умум иҷозат дода шудааст, ки танҳо изҳороти шахсони расмиро интишор намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста