Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти имрӯз дар чанде аз ВАО интишоршуда дар бораи боздошти чор нафар кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро рад мекунад.
Дар маълумоти сомонаи расмии Вазорат дар ин робита қайд мешавад, ки «хабари рӯзи 22-юми феврали соли равон дар сомонаҳои интернетӣ пахшшуда оиди он, ки гӯё 4 нафар кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор дастгир гардидаанд, асосӣ воқеӣ надошта, бе ягон далелу асос нашр карда шудаанд».
Дар сомона ин изҳорот аз номи сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Рустамзода М.К. ба нашр расидааст.
Ёдрас мекунем, ки нимаи ававли имрӯз иттилоъ дода шуда буд , ки кормандони КДАМ дар ҳамдастӣ бо марзбонон рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта зимни интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддири ҳашиш ба Душанбе аз ноҳияи Шӯроободи ҳаммарз бо Афғонистон чор нафар кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро боздошт намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста