Дар ҷаласаи кории Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ бо иштироки муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим масоили вобаста ба таъмини бехатарии меҳнат дар истеҳсолот, андешидани чораҳои саривақтӣ барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои саноатию сохтмонӣ, конҳои истихроҷи ангишту маъдан ва иншооти дорои таҷҳизоти ҳамлу нақл ва борбардор баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , муовини сарвазири мамлакат таъкид намудаааст, ки бинобар сабаби паст будани сатҳи дониши мутахассисони соҳаҳои кўҳкорию техникӣ ва истеҳсолӣ, ҳамчунин риоя нагардидани техникаи бехатарӣ дар истеҳсолот ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли гузашта бештар ба қайд гирифта шудаанд. Дар солҳои охир бинобар сабаби рушду тараққиёти бемайлони соҳаҳои саноат ва кўҳкорӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ангишт ва намудҳои гуногуни металл дар мамлакат нишондиҳандаҳои сар задани ҳодисаҳои нохуш низ дар истеҳсолот мутаассифона афзун гардидаанд, ки боиси нигаронии ҷиддӣ аст. Яке аз сабабҳои афзоиши садамаҳои истеҳсолӣ маҳз риоя нагардидани техникаи ҳатмии бехатарии меҳнат ба ҳисоб меравад.
Дар соли 2015 аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ 22 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2014 7 ҳодиса зиёд мебошад.
Муовини сарвазир оид ба таъмини бехатарӣ дар истеҳсолот махсусан таъкид намуд, ки дастовардҳои истеҳсолӣ набояд бар ивази талафоти ҷонӣ таъмин карда шаванд. Вобаста ба ин, масъулини соҳа, муҳандисони бехатарии меҳнат дар корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ вазифадор гардиданд, ки барои пешгирӣ кардани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш чораҳои қатъии тахассусӣ амалӣ намоянд.
Ҳамчунин ба сардори Нозироти давлатии назорати техникаи борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо супориш дода шуд, ки назоратро нисбати сифати лифтҳои иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳо пурзўр карда, ҳолати корӣ ва мутобиқати ҳар як лифтро дар алоҳидагӣ аз тахшиси техникӣ гузаронанд ва танҳо дар сурати ҷавобгўй ба талабот будан барои истифодаи умуми онҳо иҷозат диҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста