Шоҳрух Саидов, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (РКҶ ВКД ҶТ) таъин шудааст.
Ин маълумотро ба «Азия-Плюс» дар Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ карда, изҳор намуданд, ки ӯ ба ин вазифа як ҳафта пеш таъин шудааст. Дар бораи то ба ин мансаб таъин шудан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доштани Шоҳрух Саидов маълумот мавҷуд нест.
Шоҳрух Саидов тобистони имсол 30-сола мешавад. Ӯ узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва президенти дастаи футболи «Истиқлол»-и пойтахт аст. Ӯро ҳамчунин яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, роҳбари Агентии зиддифасод ва писари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
Ҳаёти шахсии Шоҳрух Саидов соли 2014 расонаӣ шуда буд. Он замон дар бораи аз ҳуқуқ ба амвол маҳрум шудани собиқ ҳамсари ӯ Шаҳрзода Абдуллоева бо як кӯдакаш овозае паҳн шуда, зикр гардида буд, ки ӯ дар шароити мушкил зиндагӣ мекунад.
Аммо падараш Абдуфаттоҳ Ғоиб дар яке аз нишастҳои матбуотӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки писараш бо Шаҳрзода ҳеҷ баҳси тақсими амвол надошт ва ҳуқуқҳои ӯву кӯдакаш нақз нашудаанд. «Ин маълумот беасос аст, ман ҳар рӯз собиқ келинам ва набераамро хабар мегирам», - гуфта буд ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста