Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон дар вилояти Қундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон 71 ҷангии гурӯҳи тундгарои «Толибон» ба қатл расонида шудаанд. Дар ин бора хабаргузории Khaama бо такя ба манбаъҳояш дар нерӯҳои амниятӣ иттилоъ додааст.
Сардори пулиси вилоят Муҳаммад Қосим Ҷангалбах ба рӯзноманигрон дар ин робита хабар додааст, ки дар мавзеи Дашти Арчи низомиён 61 нафар ҷангиён, аз ҷумла 3 тан аз фармондеҳон ва боз 10 нафар толибонро дар мавзеъҳои Чордара ва Хонобод нобуд кардаанд.
Ҳамчунин бо истинод ба фармондеҳи дивизияи 20-уми артиши миллии Афғонистон «Помир» генерал Муайюдин Гурӣ ВАО иттилоъ медиҳанд, ки рӯзи якшанбе дар қаламрави вулусволии Хонободи вилояти Қундуз амалиёти нобудсозии гурӯҳҳои ҷиноятпеша гузаронида шудааст.
«Дар ҷараёни амалиёт 12 ҷангӣ кушта ва 8 нафари онҳо захмӣ шуда, нерӯҳои низомии ҳукумат боз 5 тан аз ҷангиёни ҳаракати ифротгарои «Толибон»-ро боздошт намуданд», - иттилоъ медиҳад «Интерфакс» бо такя ба гуфтаҳои ин фармондеҳ.
Бино ба маълумоти генерал, айни замон ҳудуди 2,5 ҳазор ҷангиён дар қаламрави вилояти Қундуз қарор доранд, ки тақрибан 200 нафарашон хориҷиён мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста