Сафорати ИМА дар ш. Душанбе давраи омӯзишии дуҳафтаина оиди сохтани шабакаи мухобиравӣ барои афсарони алоқаи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА (СЕНТКОМ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маблағгузорӣ шудааст, ба анҷом расонд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маросими хотимавии давраи омӯзишӣ тахти раёсати директори Барномаи СЕНТКОМ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷаноби Рэнди Окман гузашт ва ба сездаҳ хатмкунандаи давраи омӯзишӣ шаҳодатнома тақдим шуд.
Дар поёни курси омӯзишӣ афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ донишу малакаи амиқро оид ба амалиётҳои мухталифи сохтани шабака ва истифодаи дастгоҳи мухобиравӣ аз худ карданд. Давраи омӯзишии мазкур қобилияти онҳоро ҷиҳати қабулу фиристодани ахборот тавассути дастгоҳи мухобиравие, ки аз ҷониби Барномаи СЕНТКОМ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба наздикӣ тақдим шудааст, сифатан баланд бардошт. Инчунин иштирокчиён тарзи дурусти истифодаи сохти гуногуни антеннаро ҷиҳати таъмини қабули мукаммали ахборот омӯхтанд.
Ин аввалин давраи омӯзишӣ аз силсилаи барномаҳои омӯзишии марбут барои мақомоти гуногуни амнияти Тоҷикистон буда, истифода аз дастгоҳи мухобиравии тақдимшуда иқтидори онҳоро ҷиҳати ҳамоҳангсозии талошҳои байниидоравӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳадҳои Тоҷикистон афзоиш хоҳад кард. Омӯзиши мазкур ба мавзӯъҳо оид ба доираи басомади радио, гузаштани мавҷи радио ва ба нақша гирифтани алоқаю фиристодани гузориш тамаркуз шудааст. Бар замми он ҳангоми машғулиятҳои амалӣ иштирокчиён вазифаи сохтани антеннаро, ки дар муҳиту баландии гуногун кор хоҳад кард, иҷро карданд.
Аз соли 1992 то ин ҷониб мардуми Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирии рушди иқтисодӣ, мусоидат ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва бехатарии Тоҷикистон ҷудо намудааст. Сафорати ИМА густариши ҳамкориро миёни мақомоти Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани таҷҳизоти муосир, омӯзиш ва беҳтар намудани зерсохтор барои ноил шудан ба ҳадафҳои амниятии муштарак ҷонибдорӣ менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста