Ташкилоти авруосиёии амнияти кибернетикӣ (ОЕКБ) ба сарони кишварҳои Авруосиё тавсия медиҳад, ки интернет-трафикро тахти назорат гиранд.
Муроҷиатномаи интишоршуда дар сомонаи расмии ин ташкилот ба унвони сарони кишварҳои Русия - Владимир Путин, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Озарбойҷон - Илҳом Алиев, Беларус - Александр Лукашенко, Арманистон - Серж Саргсян, Ӯзбекистон - Ислом Каримов, Қирғизистон - Алмазбек Атамбоев, Молдова - Николай Тимофти ва Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон нигаронида шудааст.
«Дафтари федералии тафтишот (ФБР) ба маълумоти молиявӣ ва маълумот дар бораи солимии корбар дастрасӣ пайдо карда метавонад ва ҳамчунин макони будубоши ӯро пайгирӣ намуда, ҳатто ба микрофон ва камераи телефон ҳам дастрас буда метавонад», - омадааст дар муроҷиатнома.
«Дар ин робита, - зикр мегардад дар он. - Ҳамоҳангсозии амалҳои кишварҳои авруосиёӣ дар паҳнои ИДМ ва сиёсати ҳамгиройишудаи онҳо нисбати ширкатҳои бузурги IT ба мисли Apple, Google, Facebook, Twitter,Samsung ва ғайра аз ҳарвақта дида хеле муҳим аст».
Аз сарони кишварҳои авруосиёӣ даъват карда мешавад, ки бо пайравӣ ба Русия қонуне қабул кунанд, ки ширкатҳои хориҷиро, ки аз ҷумла ба сервисҳои почтавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷустуҷӯ моликанд, уҳдадор намояд, ки маълумоти шахсиро ба таври истисноӣ дар серверҳои миллӣ ҳифз намоянд.
Зикр мегардад, ки ҳама гуна маълумот дар бораи шаҳрвандони кишварҳои Авруосиё, аз ҷумла аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ бояд мавриди назорати қонун қарор гиранд. «Дар сурати саркашӣ аз иҷрои ин қонунҳо, бояд чораҷӯӣ, то қатъи фаъолияти сомона ва сервисҳо сурат гирад. Бо ҳифзи маълумот ширкатҳо уҳдадоранд, ки бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳукумати кишварҳо, ин маълумотҳоро ба онҳо пешниҳод кунанд», - таъкид мешавад дар муроҷиатнома.
Ба андешаи коршиносони ташкилот, ҳамчунин тадбирҳои тақвияти сатҳи эътимоднокии зербинои IT (бо намунаи мисол аз қазияи моҳи ноябри соли 2015 бо ширкати монополисти Delta Telecom-и Озарбойҷон), гуногун будани таҳвилгарони миллии хизматгузориҳои IT, таҳияи механизмҳои эҳтиётӣ барои ҳолатҳои ғайримунтазира, тақвияти назорат аз болои ширкатҳои хориҷии телекоммуникатсионӣ, таъсиси каналҳо ва шабакаҳои захиравии авруосиёӣ ҷиҳати бехатарии шабака низ аз ҷумла вазифаҳои муҳим дар ин самт маҳсуб меёбанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста