Дар қитъаи дидбонгоҳи Ҳамадонии марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 9 март, тахминан соатҳои 23-30 муқовимати навбатии марзбонони тоҷик бо қочоқбарони мусаллахи афғон ба вуқӯъ пайваст.
Сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки марзшиканон иборат аз 6-7 нафар сокинони вулусволии Тахори Афғонистон ба талаботи сарҳадбонон оид ба супурдани силоҳ итоат накарда, сӯи онҳо ба тирпарронӣ оғоз намудаанд.
«Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобии марзбонон ду тан аз марзшиканон захмӣ шуда, як қочоқбар кушта ва боқимонда бо истифода аз торикии шаб ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд», - иброз дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷойи ҳодиса беш аз 50 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш ва 1 автомати Калашников бо тирҳояш дарёфт шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста