- Ба размоишҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Русия, ки аз 15 то 20 март дар панҷ тамрингоҳи гарнизони Хатлон доир мегарданд, 950 адад техникаи зиреҳпӯшу артиллерия, 32 адад авиатсия ҳарбӣ ва нақлиётӣ сафарбар мешаванд, - иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода.
Ба гуфтаи ӯ, омодагӣ ба размоиш чанде қабл, 9 март дар тамрингоҳҳои «Лоҳур», «Сумбула», «Момирак», «Ҳарбмайдон» ва «Ҳалқаёр» оғоз гардид.
«Бори нахуст дар таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар баргузории размоишҳо ба ҷуз афсарону сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, дар он нерӯҳои иловагӣ ва воситаҳои Ҳавзаи низомии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар низ иштирок мекунанд, ки аллакай ба макони баргузории размоиш омаданд». - гуфт ӯ.
Размоиш бо иштироки ҳудуди 50 ҳазор нафар хизматчиёнӣ ҳарбӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётии артиши Тоҷикистон ва 2 ҳазор нафар афсарону сарбозони Русия баргузор мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки машқҳо дар доираи иҷрои Амри президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусалалҳи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тасдиқ ва амалисозии нақшаи ташкили мудофиаи қаламрав» гузаронида мешаванд.
Машқҳои маҷмӯавии фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ, кормандони мақомоти давлатии кишвар ва хизматчиёни ҳарбии Русия аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста