Барои зоҳир намудани зиракиву ҳушёрӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва кӯмак расонидан барои дарёфти силоҳу аслиҳа ба ноболиғон Муҳаммадазими Муҳаммадалӣ, хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №59-и деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Амиршоҳ Нодиров, хонандаи синфи 5-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ аз номи вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори сипос ва ба ҳар кадоми онҳо тӯҳфаҳои қимматнок «Ноутбук» супурда шуд . Волидони онҳо бо ифтихорномахои Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 6-уми марти соли 2016 ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ноболиғони зикргардида оиди дарёфт намудани махфигоҳ бо 3-адад гранатамёт ва дигар лавозимоти ҷангӣ дар обанбори маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар расониданд.
Гуфта мешавад, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии ВКД ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронида, силоҳи дарёфтшударо мусодира намуданд. Ҳангоми идома додани амалиёти тозакунӣ аз тарафи гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ, инчунин 1-адад АКМ, 1-адад норинҷаки дастӣ, маводҳои тарканда ва тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин ба Фарзонаи Қурбон, соли таваллудаш 2003, хонандаи синфи 6-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №55-и деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат низ ноутбук тақдим кард. Санаи 7-уми марти соли равон Фарзонаи Қурбон оиди дарёфти силоҳу лавозимоти ҷангӣ дар марғзор ба падараш - полковники милитсия хабар дод. Волидони Фарзона низ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста