Ҳавопаймоҳои бомбафкан ба масофаи дури мушакбари Ту-22М3-и Неӯҳои низомии кайҳонии Русия ҷиҳати иштирок дар размоишҳои муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон аз фурудгоҳи низомии «Толмачёво» дар вилояти Новосибирск ба фурудгоҳи «Айнӣ» дар наздикии шаҳри Душанбе (30 километр дуртар) омаданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Русия, бори нахуст тӯли 30 соли ахир ин ҳавопаймоҳо вазифаҳои тамриниву ҷангӣ дар фазои Осиёи Марказиро ба иҷро мерасонанд.
Тибқи ҳадафҳои зикршуда ҳавопаймоҳо ба урдӯгоҳҳои шартии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар машқгоҳҳои доманакӯҳи Помири Шарқӣ бо бомбаҳои 500-килоӣ зарба мезананд.
Қаблан ҳавопаймоҳои қиркунандаи Су-25СМ, чархболҳои зарбазани Ми-24 низ аз фурудгоҳҳои низомии «Толмачёво» ва «Кант» (Қирғизистон) ба фурудгоҳҳои фаврии воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон интиқол дода шуданд, ки дар размоиши муштараки нерӯҳои низомии Тоҷикистону Русия иштирок мекунанд.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода қаблан ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд , ки ба размоишҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Русия, ки аз 15 то 20 март дар панҷ тамрингоҳи гарнизони Хатлон доир мегарданд, 950 адад техникаи зиреҳпӯшу артиллерия, 32 адад авиатсия ҳарбӣ ва нақлиётӣ сафарбар мешаванд.
Дар тамринҳои муштарак ва машқи низомӣ мақомоти идоракунии низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Ҳавзаи марказии низомии Русия, воҳидҳои муҳаррики тирандозӣ, танкӣ ва артиллерия, воҳидҳои таъиноти махсус ва ҳамчунин гурӯҳҳои десантӣ иштирок карда, амалҳои онҳоро муҳандисони низомӣ, дигар мутахассисони воҳидҳои таъминоту хизматрасонӣ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, табибони ҳарбӣ ва ғайра танзиму таъмин хоҳанд кард. Амалҳои тамрину машқҳоро гурӯҳи авиатсия аз ҳаво дастгирӣ хоҳад кард.
Машқҳои маҷмӯавии фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ, кормандони мақомоти давлатии кишвар ва хизматчиёни ҳарбии Русия аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста