Марҳилаи асосии размоишҳои муштараки воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон имрӯз, 14 март оғоз мегардад.
Бино ба иттилои РИА Новости бо истинод ба маълумоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ имрӯз марҳилаи асосии размоиши фармондеҳӣ-ситодии воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон оғоз мегарданд.
Гуфта мешавад, дар вазъи ҷангӣ бо истифода аз воситаҳои муосири табодули маълумот дар дохили нуқтаҳои идоракунандаи ситодҳо, аз ҷумла бо Маркази миллии идоракунии мудофиаи Русия тамринҳо гузаронида шуда, масофаи умумии хатсайрҳои ҷойивазкунӣ беш аз 20 ҳазор километрро ташкил додааст.
Ҳайати гурӯҳҳои авиатсионӣ, ки дар размоишҳо иштирок мекунанд, аз ҳавопаймоҳои бомбафкан ба масофаи дури мушакбари Ту-22М3, ҳавопаймоҳои қиркунандаи Су-25 СМ, ҳавопаймоҳои бомбафкани фронтии Су-24М, чархболҳои зарбазани Ми-24, чархболҳои нақлиётиву ҷангии Ми-8, ҳавопаймоҳои авиатсияи нақлиётӣ ва ҳамчунин нерӯ ва воситаҳои қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон иборат аст. Ин гурӯҳ ба макони шартии ҷангӣ ҳозир шудану роҳандозии амалиёти ҷузъу томҳоро дар машқгоҳҳои Лоҳур, Ҳарбмайдон, Момирак ва Ҳалқаёр таъмин мекунад.
Дар тамринҳои муштарак ва машқи низомӣ мақомоти идоракунии низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Ҳавзаи марказии низомии Русия, воҳидҳои муҳаррики тирандозӣ, танкӣ ва артиллерия, воҳидҳои таъиноти махсус ва ҳамчунин гурӯҳҳои десантӣ иштирок карда, амалҳои онҳоро муҳандисони низомӣ, дигар мутахассисони воҳидҳои таъминоту хизматрасонӣ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, табибони ҳарбӣ ва ғайра танзиму таъмин хоҳанд кард. Амалҳои тамрину машқҳоро гурӯҳи авиатсия аз ҳаво дастгирӣ хоҳад кард.
Қаблан ҳавопаймоҳои бомбафкан ба масофаи дури мушакбари Ту-22М3-и Неӯҳои низомии кайҳонии Русия ҷиҳати иштирок дар размоишҳои муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон аз фурудгоҳи низомии «Толмачёво» дар вилояти Новосибирск ба фурудгоҳи «Айнӣ» дар наздикии шаҳри Душанбе (30 километр дуртар) омаданд.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода қаблан ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд , ки ба размоишҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Русия, ки аз 15 то 20 март дар панҷ тамрингоҳи гарнизони Хатлон доир мегарданд, 950 адад техникаи зиреҳпӯшу артиллерия, 32 адад авиатсия ҳарбӣ ва нақлиётӣ сафарбар мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста