Миёни афроде, ки бар асари амали террористӣ дар пойтахти Туркия - шаҳри Анқара куштаву захмӣ шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.
Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи маълумоти пешакии аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия расида, дар байни ҳалокшудагону осебдидагон шаҳрвандони ҷумҳурии мо нестанд.
Ёдрас мекунем, ки дар амали террористие , ки нимаи дуюми рӯзи якшанбе дар пойтахти Туркия - шаҳри Анқара содир шуд, 34 нафар ба ҳалокат расиданд. Айни замон 125 нафари аз ин амал осебдида дар бемористонҳо бистарӣ буда, вазъи 19 тан аз онҳо хеле вазнин аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста