Гурӯҳи террористии ба ном Давлати исломӣ (ДИ) барои содир намудани амалҳои террористӣ дар Аврупо, ки қаблан дар шаҳрҳои Брюсселу Париж ба вуқӯъ пайвастанд, аз 400 то 600 нафар ҷангиёнро омода намудааст. Дар ин бора АР бо истинод ба чор мансабдори махфӣ, аз ҷумла дар Ироқу Аврупо хабар медиҳад . Ин рақамҳоро сенатори фаронсавӣ Натали Гуле, ҳамраиси комиссияи пайгирии шабакаи муҷоҳидон низ тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои ахир ҳудуди 5 ҳазор аврупоиҳо ба Сурия рафтаанд.
Барои омӯзиши ҷангиён Давлати исломӣ аз урдӯгоҳҳо дар Ироқу Сурия ва шояд дар кишварҳои пасошӯравӣ истифода мекунад. Ин гурӯҳҳо нимахудмухтор буда метавонанд. Ба гуфтаи мансабдор аз бахши амният, ба террористон тарзу усулҳои ҷанг дар шароити саҳро, кор бо дастгоҳҳои тарканда, методҳои пайгирӣ ва фирор аз назорату мушоҳида омӯзонида мешавад.
Гуфта мешавад, акнун ба ин тамринҳо Давлати исломӣ ҷиддитар таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ҳанӯз соли 2014 баъе аз ҷангиёни созмон ҳамагӣ ду ҳафта бо омӯзиш фаро гирифта мешуданд. «Акнун стратегия тағйир ёфт. Воҳидҳои махсус ташкил карда шуда, давраи омӯзиш тӯлонитар идома меёбад. Акнун ҳадаф дар он ифода меёбад, ки на бештар одамон кушта шаванд, балки амалҳои террористӣ ҳарчӣ бештар анҷом дода шаванд, то ки ҳариф ба харҷи зиёдтари маблағ ва нерӯи инсонӣ маҷбур шавад», - зикр кардааст мусоҳиби агентӣ дар шарҳи стратегияи нави террористон.
Ба қавли мансабдор, ки бо хадамоти иктишофии Ироқ алоқамандӣ доштааст, иштирокчиёни гурӯҳи дар амалҳои террористии Париж дастдошта акнун ба Олмон, Британия, Италия, Дания ва Шветсия таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ҳамчунин дар бораи аз Туркия ба Аврупо омадани гурӯҳи нав иттилоъ дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста