Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кумакҳои низомӣ ба дигар кишварҳоро афзун карданист.
Нашрияи Politico дар ин робита менависад , миёни кишварҳое, ки аз ин лиҳоз дастгирӣ меёбанд, Тоҷикистон низ ҷой дорад, ки ба андешаи Вазорати мудофиаи ин кишвар, дар он ҷо мавридҳои шиканҷаву таъқиб ба таври густурда истифода мешавад.
«Миёни кишварҳое, ки Пентагон ба онҳо хоҳони кумак аст, Буркина-Фасо, ки дар он тибқи изҳороти Департаменти давлатӣ ҳуқуқҳои занонро поймол мекунанду нисбати маҳкумшудагон аз қувваи беҳад зиёд кор мегиранд ва ҳамчунин Тоҷикистон, ки ба андешаи ин мақомот, дар он аз шиканҷа ва «таъқиб нисбати фаъолони сиёсӣ» васеъ истифода мешавад, ҷой доранд», - қайд мешавад дар маводи нашрия.
Гуфта мешавад, соли гузашта Вазорати мудофиаи ИМА барои мусаллаҳ гардонидан ва омӯзиши низомиёни маҳаллӣ дар Амрикои Лотинӣ, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Шарқи Наздик дар маҷмӯъ 11 млрд. доллари ИМА масраф кардааст.
Мутобиқи ин барномаҳо, барои анҷом додани амалиёти зиддитеррористӣ ва тақвияти ҳимояти марзҳо ба ин кишварҳо аслиҳаву таҷҳизот фиристода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста