Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 27 март аз муноқишаи навбатӣ дар сарҳад миёни сокинони деҳаҳои Чоркӯҳи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон барои қитъаи шағалу қумзор ҷилавгирӣ шуд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар ин робита иттилоъ медиҳад , ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда байни раисони деҳаҳои Чоркӯҳ ва Оқсой, сокинони ҳарду деҳа айни замон аз қуму рег ва шағали дарёи Каравшин истифода мекунанд, аммо 27 март миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша рух дода, тоҷикистониён ба 3-4 қирғизҳо иҷозат надодаанд, ки аз ин ҷо қуму шағал бигиранд.
Баъдан шаҳрвандони аз ин амал норозии ҳарду кишвар гурӯҳҳои иборат аз 30-40 нафар бо шумули кормандони техникиро гирдиҳам овардаанд.
Сипас сардорони дидбонгоҳҳои марзии ҳарду ҷониб ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, миёни гирдиҳамомадагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд ва аз шиддат гирифтани муноқиша пешгирӣ шудааст.
Гуфта мешавад, масъалаи истифодаи муштарак аз шағалу қуми дарёи Каравшин имрӯз, 28 март дар вохӯрии раисони маъмурияти деҳоти Оқсой (Қирғизистон) ва Чоркӯҳ (Тоҷикистон) ҳаллу фасл мешавад.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки айни замон вазъ дар ин қитъаи марзи давлатии Тоҷикистон орому муътадил аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста