Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз 25 март аз ҷониби қочоқбарон дар қаламрави Афғонистон гаравгон гирифта шуда буданд, озод шуда, аллакай дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод. Дар бораи дигар ҷузъиёти ин қазия алҳол маълумот дода намешавад.
Субҳи имрӯз иттилоъ дода будем , ки намояндагони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баҳри раҳоии ду шаҳрванди кишвар, ки рӯзи 25 март аз ҷониби қочоқбарони афғон дар яке аз қитъаҳои сохтмони роҳи мошингарди Шӯрообод-Шоҳон гаравгон гирифта шуданд, бо намояндагони кишвари ҳамсоя ба музокирот пардохтанд.
Гуфтушунидҳо ҳам бо намояндагони мақомоти расмӣ ва ҳам бо аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии мустақар назди марз сура гирифтанд.
Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ шоми ҳамон рӯз (25 март) ба макони рух додани ҳодиса дар қитъаи сохтмони роҳи автомобилгарди Шӯрообод-Шоҳон омадааст. Ӯ ба комиссияи махсуси ҳукумат оид ба тафтиши муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳад роҳбарӣ мекунад.
Тибқи маълумоти манобеи Радиои Озодӣ, гурӯҳи қочоқбарони афғон ронандаи мушовири тарҳи роҳи Шӯрообод-Шоҳонро захмӣ карда, ду роҳсозро гаравгон ва бо худ ба қаламрави Афғонистон бурда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста