Коршиносони Клуби байнулмилалии мубоҳисавии «Валдай» таҳдиду хатарҳои асосиеро, ки Русия аллакай метавонад соли 2016 ба онҳо дучор гардад, муайян карданд.
Таҳдиди асосии стратегӣ ба Русия сиёсати ИМА баҳри заъиф сохтани он ва дар кишварҳои ҳамсоя таъсис додани давлатҳои амрикогаро унвон мешавад.
Миёни дигар хатарҳо - «фурӯравии яке аз кишварҳои заъиф ва камбизоати минтақаи Осиёи Марказӣ ва ба ҷойи он пайдо шудани қаламрави идоранашаванда зикр мегардад, ки дар он гурӯҳҳои мусаллаҳ бо шариати худ ҳукмронӣ мекунанд», - қайд мешавад дар ин гузориши коршиносон таҳти унвони «Таҳдидҳои байнулмилалӣ-2016», ки рӯзи 29 март дар шаҳри Маскав муаррифӣ шуд.
Дар гузориш бахусус ба хатари имконпазири рушди тамоилҳои манфӣ дар Тоҷикистон ишора шуда, зикр мегардад, ки дар он ҳукуматдорон нерӯи асосии мухолиф - Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ мешуморанд.
«Дар партави поинравии рушди бахши сохтмон дар Русия, соли равон вазъ бештар дар Тоҷикистон мушкилтар мешавад, ки дар он ҳукумат бозиро шадид намуда, роҳи манъи мухолифони мунтазами исломиро пеш гирифтааст. Ин иқдом ба сифати риоя нашудани нигаҳдории вазъи мавҷуда (статус-кво), қоидаҳои заминавии сулҳу субот, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 хотима бахшид, баррасӣ мешавад. Он замон ба ҳаёти сиёсӣ роҳ додани исломгароён ҳамчун шарти муҳимтарини қатъи муқовимат баррасӣ мешуд. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ба муқовимат бо Ҳизби исломӣ тақвият мебахшанд, ки он ба пайдоиши таҳдиди иттиҳоди он бо гурӯҳҳои бештар тундгаро боис мегардад. Эҳтимоли дубора сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ногузир Русияро ба дахолат маҷбур месозад», - изҳор доштаанд коршиносони «Валдай».
Онҳо бар ин назаранд, ки амалишавии сенарияи пайдоиши давлати ҷиҳодӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро метавон ба воситаи иқтисоди Русия пешгирӣ намуд. «Дар инқилоб ва ҷангҳои шаҳрвандӣ ҷараёни инкишофи муайяни демографӣ вуҷуд дорад ва то он замоне, ки ҷавонмардон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар Русия кор кардаву маблағ ба даст оварда метавонанд, ба гумон аст, ки таҳти шиори ҷиҳод ҳокимиятҳо дар сарзамини худро сарнагун созанд», - мегӯянд муаллифони гузориш.
Тафсилоти бештар доир ба мулоҳизаҳои коршиносони клуби «Валдай» дар ин хусусро аз сомонаи РБК метавон дарёт намуд.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста