Кормандони ВКД Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар омодакунии таркиши бинои Раёсати милитсияи вилояти Хатлон ду тан аз сокинони ноҳияи Ҷиликӯл - Шамсидин Фатҳиддинови 30-сола ва Самовиддин Саймуҳиддинови 28-соларо боздошт намуданд. Шабакаи давлатии телевизиони «Сафина» шоми рӯзи 31 март гузориши таҳиянамудаи кормандони ВКД-и кишварро дар ин хусус намоиш дод.
Дар гузориши қайд шуд, ки ҳарду боздоштшуда қаблан аз Русия ба Ироқ рафта, он ҷо дар сафҳои созмони террористии ба ном Давлати исломӣ (ДИ) меҷангидаанд.
Яке аз боздоштшудагон - Ш.Фатҳиддинов назди видеокамера мегӯяд, ӯ дар шаҳри Мосул сари чамбараки автомашинаи мингузоришуда нишаста, омода буд, ки худро қурбон намояд. «Вале маро аз ин амал Самовиддин боздошт», - қайд кард ӯ.
Бино ба маълуомти ВКД, боздоштшудагон чанде қабл аз Ироқ ба Туркия баргашта, сипас ба Русия ва аз он ҷо ба Тоҷикистон омадаанд.
Боздоштшудагон баёнот доданд, ки бо супориши Давлати исломӣ ният доштаанд, ки дар автомашинаи бо баллонҳои газ боршуда бинои Раёсати ВКД дар Хатлонро рахна созанд. «Дар Давлати исломӣ ваъда доданд, ки ба ивази бинои тарконидашуда ба мо арзиши даҳ автомашинаро пардохт мекунанд», - изҳор доштанд онҳо.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста