Президенти Русия Владимир Путин бар ин назар аст, ки ба Русия буҳрони мушобеҳ ба Аврупо хатар эҷод карда метавонад.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амният ӯ даъват намуд, ки вазъ дар Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ва бахусус дар наздикии марзҳои Русия, ки дар онҳо аз мавҷҳои нави муҳоҷирон интизорӣ меравад, доимо пайгирӣ шавад.
Хабаргузории РИА Новости менависад, Путин иброз доштааст, ки Русия бояд буҳрони муҳоҷират дар Аврупоро ҷиддӣ мавриди таҳлил қарор дода, хулосаҳои дахлдор барорад. «Ба тадбирҳои пешгирии ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон тақвият мебояд бахшид», - тақозо намудааст сарвари давлати Русия.
Бино ба иттилои Интерфакс, Владимир Путин гуфтааст, муҳоҷирон ба объекти таблиғот ва ҷалби созмонҳои тундгаро табдил меёбанд ва байни сокинони маҳаллӣ низ рӯҳияи тундагроӣ дар ҳоли афзоиш аст.
Ӯ қайд кардааст, ки ҳамасола дар кишвар 16-18 млн. нафар муҳоҷирон қарор доранд ва ҳарчанд ахиран бинобар сабаби сангинтар шудани талабот ба муҳоҷирон ва бад шудани вазъи иқтисод шумори муҳоҷирон 10% коҳиш ёфта бошад ҳам, вале ин маънои онро надорад, ки таваҷҷуҳи ифротгароён ва террористони имконпазир ба Русия коста шудааст.
«Русия барои кору иқомат кишвари ҷолиб боқӣ мемонад. Дарҳои кишвари мо барои онҳое, ки ба фарҳанг, анъанаҳо ва забони мо эҳтиром мегузоранд, боз аст ва дар ин росто барои мутобиқшавӣ ба муҳоҷирон кумак кардан зарур аст», таъкид доштааст Путин.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста