Мансабдорони Русия тасмим гирифтаанд, ки сарфи назар аз сатҳи хатари террористӣ, тамоми фурудгоҳҳои кишварро ба бозрасии ҳамаҷониба (тоталӣ)-и мусофирон уҳдадор созанд.
Хабаргузории Газета. ру. дар ин робита менависад, айни замон бозрасии мусофирон бар асоси ҷорӣ шудани сатҳи баланди бехатарӣ дар соли 2011 гузаронида шуда, аммо дар сурати паст шудани сатҳи он ҳам, хадамоти дахлдор ба азназаргузаронии ҳамаи бошандагони фурудгоҳ идома медиҳанд.

Гуфта мешавад, Вазорати нақлиёти Русия тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоиро таҳия намудааст, ки мутобиқи он фурудгоҳҳо ба бозрасии мукаммали мусофирон ва бағочи онҳо зимни воридшавӣ ба фурудгоҳ вазифадор карда мешаванд.
Дар Вазорати нақлиёти ин кишвар таҳия шудани чунин тағйиротро тасдиқ намуда, таъкид доштаанд, ки «дар сурати аз ҷониби шахс рад шудани бозрасӣ дар даромадгоҳи фурудгоҳ, вуруд ба бинои фурудгоҳ барои ӯ иҷозат дода намешавад».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста