Зимни баррасии тағйироту илова ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар парлумон раиси Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб изҳор дошт, ки болоравии ҳаҷми ҷаримаҳо барои қочоқи молу маҳсулот ба Тоҷикистон ба хотири ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва соҳибкорони бовиҷдону боинсоф сурат мегирад, зимни вуруди бор ба кишвар аз хориҷа тамоми меъёрҳои қонунгузориро риоя мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи тағйирот минбаъд дар кишвар ҳаҷми ҷарима барои қочоқи бор то ҳаҷми арзиши маҳсулоти ғайриқонунӣ воридшуда боло меравад. Қаблан ин маблағ ба нисфи арзиши бори қочоқшуда баробар буд.
«Ғайр аз ин, бино ба тағйироти мазкур, воситаи нақлиёте, ки тариқи он молу маҳсулоти қочоқӣ ба кишвар ворид мешавад, ба нафъи давлат мусодира мешавад», - афзуд ӯ.
Мувофиқи дигар тағйирот ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки имрӯз аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфт, барои рад кардани гирифтани пардохт тариқи корти пластикии бонкӣ дар ҳаҷми то 8 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар мешавад. Қаблан барои ин амал ҷарима вуҷуд надошт.
Ёдрас мекунем, ки Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 30 март мавқуф гузоштани баррасии бастаи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро пешниҳод намуд.
Он замон ӯ аз он ошуфтагӣ изҳор намуд, ки барои қочоқи молу маҳсулот на гумрукчиён, ки «ба қочоқбарон дарҳоро боз мекунанд», балки соҳибкорон бори масъулият мекашанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста