Зимни вохӯрӣ бо вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев, сарфармондеҳи Қушӯнҳои дохилии ВКД Русия Виктор Золотов, директори Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари ин кишвар Виктор Иванов ва муовини аввали директори Хадамоти фелералии муҳоҷирати Русия Екатерина Егорова президенти ин кишвар Владимир Путин изҳор доштааст, ки дар заминаи Қушӯнҳои дохилии ВКД Гвардияи миллии Русия таъсис дода мешавад.
Бино ба иттилои хабаргузории РБК, президенти Русия гуфтааст, вазифаи ин сохтори нав мубориза бо терроризм ва ҷинояткории муташаккилона муқаррар шуда, ғайр аз ин, Гвардияи миллӣ «ба иҷрои вазифаҳои қаблан аз ҷониби Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН), Дастаи махсуси зудамал (СОБР) иҷромешуда ва дигар вазифаҳои дахлдор дар ин самт низ идома медиҳад».
Васоити ахбори умум бо такя ба матни фармони дар ин хусус интишоршуда дар торнамои Кремл хабар медиҳанд, ки ба сохтори нав генерал Виктор Золотов фармондеҳӣ хоҳад кард, ки қаблан аввал ба ҳайси роҳбари ҳайати посбонони шахсии президент ва сипас фармондеҳи Қушӯнҳои дохилии ВКД ифои вазифа мекард.
Гуфта мешавад, тибқи фармон мақоми роҳбари Гвардияи миллӣ ба мақоми вазир баробар буда, ба ӯ шаш муовин таъин карда мешаванд.
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар суҳбат бо хабаргузорр РБК дар ин робита қайд кардааст, ки Гвардияи миллӣ мустақиман ба В.Путин тобеъ хоҳад буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста