Ахиран даргириҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои афғон бо гурӯҳҳои тундгаро аз марзҳои Тоҷикистон дур шудааст.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, марзбонони тоҷик ва сокинони маҳалҳои наздик ба сарҳади Афғонистон гуфтаанд, ки ду моҳ боз дигар садои тирпарронӣ аз даргириҳои он тарафи марз ба гӯш намерасад. Аммо, ба қавли мақомот ва коршиносон, вазъи Афғонистон пешгӯиношаванда ҳаст ва дур шудани даргириҳо аз марзи Тоҷикистон маънои бартараф шудани таҳдидҳои амниятиро надорад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтааст, воқеан дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оромиҳои нисбӣ ба назар мерасад ва аз ин самт чун моҳҳои қабл дигар садои тирпарронӣ ба гӯш намерасад. Аммо ба гуфтаи ӯ, ба гӯш расидан ва ё нарасидани садои тирпарронӣ ҳеч таъсир ба реҷаи кори марзбонони тоҷик надорад.
Ӯ иброз доштааст, ки «марзбонони тоҷик чун пештара вазифаи худро содиқона иҷро мекунанд. Аз оромиҳои нисбӣ дар кишвари ҳамсоя ҳеч тағйир дар кори марзбонон ба амал наомадааст».
Гуфта мешавад, дур шудани даргириҳо аз марзи Тоҷикистон дар ҳолест, ки тирамоҳи соли гузашта задухӯрдҳо то 10 километри марзи Тоҷикистон наздик шуда буд. Ҳатто ду гулӯлаи нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ҳангоми даргириҳо ба хоки Тоҷикистон афтоданд, ки ин кишвар аз ҳамсояи худ узр пурсида буд. Сокинони навоҳии наздисарҳадӣ, мисли Фархор ва Панҷ борҳо ба Озодӣ аз тирпаррониҳои шадид ва зимни он, зоҳиран истифодаи силоҳҳои вазнин, ки бар асари он хонаи сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон меларзид, хабар дода буданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомҳои афғон низ тасдиқ кардаанд, ки гурӯҳҳои тундгаро заиф ва аз наздикиҳои марзи Тоҷикистон ба дур андохта шудаанд. Дар як ҳафтаи охир низ ду фармондеҳии маҳаллии Толибон дар вилояти Кундуз кушта шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста