Рӯзи 6 апрел нахустин гурӯҳи наваскарон аз ҳисоби ҷавонони вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд ва дар нахустин рӯзи гусели даъватшавандагон нақшаи даъват дар вилоят беш аз 62 фоиз ба иҷро расид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар чорабиние, ки бахшида ба ин муносибат дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо ҳузури беш аз 7 ҳазор нафар ҷавонон, афсарону сарбозон ва фаъолон баргузор гардид, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ иштирок намуд.
Зимни суханронӣ дар ҳузури ҷавонони шуҷоъу ҷасур Абдураҳмон Қодирӣ зикр кард, ки ҷавонони ватандӯсту бо нангу номуси мо бо дарки масъулият ва ҳисси ифтихори милливу хештаншиносӣ ҳамеша барои иҷрои рисолати фарзандии хеш омода ҳастанд ва дар рӯзҳои нахустини даъвати баҳорӣ теъдоди зиёди ҷавонон барои ҳимояи марзи Ватани соҳибистиқлоламон худро дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят номнавис кардаанд. Таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлолият Ҳукумати мамлакат масъалаҳои таъминоти моддии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва мустаҳкамгардонии иқтидори мудофиавии онро таҳти таваҷҷӯҳи хоса қарор додааст. Зеро, Артиши миллӣ сипари тавоно ва кафили осудагиву амнияти мамлакат маҳсуб меёбад.
Таъкид шуд, ки имрӯз ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 1500 нафар ҷавонон бо хоҳиши худ сафарбар мешаванд. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар нахустин рӯзи даъват дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳу Зафаробод ва шаҳри Истиқлол нақшаи даъват ба иҷро расида, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо дар нахустин рӯз то беш аз 80 дарсади нақша иҷро гардидааст. Раиси вилоят бо ситоиш аз ҷасорату мардонагии ҳомиёни Ватан пеш аз ҳама ба падару модарон ва устодони ин ҷавонон барои тарбияи дурусти фарзандон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд анъанаи аёдати сарбозонро идома дода, барои волидон ҷиҳати аёдати сарбозон шароитҳои заруриро фароҳам меоварад.
Имрӯзҳо фаъолияти қисмҳои низомӣ, шароити хизмати аскарон дар онҳо пайваста дар мадди назари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Имрӯзҳо дар ҳамаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити муносиби ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷаҳони муосир барои хизмати ҷавонон муҳайё гардидаанд.
Дар чорабинии мутантан бо ҳузури даъватшавандагон ва модарони онҳо анъанаи мардумии “нонгазон” низ сурат гирифт ва даъватшавандагон ин анъанаи мардумиро анҷом доданд.
Сипас барои иштирокчиёни ҳамоиши мутантан бо ҳузури санъаткорони номии вилоят барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд. Пас аз итмоми ин барнома барои наваскарон дар Чойхонаи Қасри Арбоб дастархони идона ороста шуда, барномаи фарҳангӣ низ манзур карда шуд. Пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣ даъватшавандагон бо рӯҳияи болида озими ҷануби кишвар шуданд.




Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста