Нерӯҳои зидди ҳавоии Русия бо Қирғизистону Тоҷикистон низомҳои муттаҳидаи минтақавӣ бунёд карданианд, - хабар медиҳад РИА Новости .
Муовини аввали сарфармондеҳи Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия генерал-лейтенант Павел Кураченко рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 6 апрел ба журналистон дар ин робита изҳор намудааст, ки «созишномаҳо дар бораи таъсиси низомҳои муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зидди ҳавоии Русия ва Қирғизистон ва ҳамчунин Русия ва Тоҷикистон таҳия ва дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор доранд».
Дар робита ба таъсиси Минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ Кураченко хотиррасон намудааст, ки соли 2013 чунин созишнома миёни Русия ва Қазоқистон ба имзо расида, феълан корҳои мувофиқасозии номгӯи мақомоти идоракунӣ, нуқтаҳои фармондеҳии ҷузъу томҳо ва қисмҳои низомии ба ин Низоми ягонаи дифои зидди ҳавоӣ ҷудомешуда ҷараён доранд.
Низоми муттаҳидаи мудофиаи зидди ҳавоии кишварҳои узви ИДМ бар асоси созишномаи даҳ кишвари Иттиҳод, ки 10 феврали соли 1995 дар Алмаато ба имзо расида буд, таъсис дода шудааст.
Хабаргузории ТАСС дар ин маврид менависад, муҳлати амали созишнома маҳдуд набуда, он барои ҳамроҳшавии дигар кишварҳо, ки муқаррароти Консепсияи ҳифзи фазои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ ва нақшаи амали муштараки нерӯ ва воситаҳои Низоми муттаҳидаи мудофиаи зидди ҳавоиро қабул доранд, боз аст.
Гуфта мешавад, айни замон ба ҳайати низоми муттаҳидаи мудофиаи зидди ҳавоӣ 8 кишвар - Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина шомил мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста