Дар ноҳияи Дашти Арчии вилояти Қундузи кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, хадамоти махсуси Афғонистон мадрасаеро ошкор намудаанд, ки дар он фаъолияти террористӣ омӯзонида мешавад.
Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва волии вилояти Қундуз Асаддуло Умархел дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар ин мадраса чӣ гуна мина гузоштан дар автомашинаҳо, чӣ тарз тайёр кардани «либоси маргталабон» таълим дода мешудааст. Ба қавли волӣ, ба фаъолияти мадраса шаҳрванди Покистон бо номи Имронхон роҳбарӣ мекардааст.
«Дар ноҳияи Далти-Арчӣ гурӯҳҳои иктишофии мо мардрасеаро ошкор намуданд, ки дар он тақрибан ба 300 нафар толибилмон фаъолияти террористӣ таълим дода мешавад. Мадраса таҳти назорати мулло Ҷаннат Гула - фармондеҳи толибон дар шимоли Афғонистон ва ҳамчунин мулло Салом - волии пасипардагии толибон дар вилояти Қундуз қарор дорад», - гуфтааст волии Қундуз.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳукумати маҳаллии Қундуз гуфтаанд, мадраса дар қаламрави таҳти назорати толибон қарор дошта, ҳукумат ба фаъолияти он монеъ шуда наметавонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста