Мақомоти Тоҷикистон Анӯшервон Азимов, сокини 26-солаи деҳаи Тутқавули шаҳри Норакро аз эмисарони гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) медонанд, ки бо тахаллуси “Анас” маъруф буда, ба гуфтаи мақомот, беш аз сад тоҷикистониро ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ сафарбар намудааст.
Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтаст, 40 дарсади аз Сурия ва ё аз роҳи сафар ба ин кишвар ба ватан баргаштаҳо иқрор шудаанд, ки онҳо бо ташвиқи “Анас” ном ҷавони тоҷик дар Маскав ба ин роҳ рафтаанд.
Ин мақом гуфтааст, ним соли пеш шахсияти“Анас” ба мақомот маълум шуд. Ӯ он замон дар Русия қарор дошта, аммо пас аз эълони ҷустуҷӯяш аз ин кишвар нопадид шудааст.
Манобеи Озодӣ гуфтаанд, “Анас” ва ё худ Анӯшервон Азимов давоми ду соли ахир ба ташвиқ, ҷалб ва сафарбар кардани ҷавонон ба сафи гурӯҳи тундгарои ба ном “Давлати исломӣ” машғул будааст. Ҳангоми сафарбар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ “Анас” бардурӯғ изҳор медоштааст, ки худи ӯ низ пас аз як моҳ ба онҷо сафар мекунад.
"Ӯ пас аз ташвиқ ва мағзшӯии ҷавонон ба онҳо чиптаи ҳавопаймои самти Русия - Туркия гирифта, инчунин тариқи интернет то марзи Сурия онҳоро раҳбаладӣ мекардааст. Ҳоло худаш дар куҷо қарор дорад, маълум нест," -гуфтааст ҳамсӯҳбати радио.
Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд.
Тибқи иттилои расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Аксари ин шаҳрвандон аз Русия бо даъват ва маблағгузории эмиссарҳое, мисли Анӯшервон Азимов то хоки Сурия ва Ироқ расидаанд.
Мақомот “Анас” ва ё худ Анӯшервон Азимовро аз хатарноктарин эмиссарҳои тоҷики гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” медонанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста