Рӯзҳои 15-16 апрели соли равон дар шаҳри Гулистони (собиқ Қайроққум) вилояти Суғд нахустин ҷаласаи мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ин ҷаласа тибқи Фармоиши муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 3-юми июни соли 2015 баргузор мешавад.
Зимни ҷаласа баррасии масоили таҳкими ҳамкориҳо миёни мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар, муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккилона ва табодули таҷриба дар самти ислоҳоти милитсия дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки ҳайати кишвари ҳамсоя таҳти сарварии вазири корҳои дохилии Қирғизистон Мелис Турганбаев аллакай ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, дар ин ҷо мулоқоти вазирони корҳои дохилии ҳарду кишвар Мелис Турганбаев ва Рамазон Раҳимзода баргузор шуд ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки равобит ва муносибатҳои дуҷонибаи ниҳодҳои қудратии ҳарду давлат боз ҳам равнақу густариш хоҳанд ёфт.
Дар навбати худ Мелис Турганбаев изҳор дошт, ки итминони комил дорем, ҳамкориҳои судманд ва рушди муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ҳамсоя баъди баргузории Мушовараи якҷоя боз ҳам тақвият меёбанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста