Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа рӯзи 17 апрел бо сафари 4-рӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи нахустин размоиши муштараки нерӯ ва воситаҳои иктишофии кишварҳои узви СААД - «Ҷустуҷӯ-2016», ки имрӯз дар машқгоҳҳои «Мағоб» ва «Лоҳур»-и назди Душанбе шурӯъ мешаванд, ширкат меварзад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.
Дар доираи СААД чунин тамрин барои аввалин бор доир гардида, раҳбарии умумӣ ба он ба дӯши сардори Раёсати иктишофи ҳарбӣ - муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вогузор шудааст.
Ҳадаф аз размоиши муштарак такмили низоми ҷамъоварӣ, таҳлил, коркард ва расониданп маълумоти иктишофӣ барои шикасти ҳариф, ҳамчунин санҷиши қобилияти мақомоти раёсати иктишофӣ дар роҳандозии амалиёт ва идоракунии амалии нерӯ ва воситаҳои тобеъ дар ҷараёни омодакунии амалиёти муштарак оид ба ҳимоя аз сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узви СААД мебошад.
Дар тамринҳо мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои навъҳои гуногуни иктишофии Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ба ин машқҳо сафарбарии ҳудуди 1500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои авиатсия дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста