Бахтиёр Лангариев - бародари Лангарӣ Лангариев, фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ, сардори яке аз шӯъбаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъин шуд.
Аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки полковник Бахтиёр Лангариев сардори яке аз шуъбаҳои Раёсати ташкилӣ ва сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъин шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, Лангариев ба ин вазифа ҳанӯз ахири моҳи феврал таъин шуда, пеш аз таъинот дар мавриди доғи судӣ доштан ва даст доштан ба ҷиноятҳо мавриди санҷиш қарор гирифтаааст ва маълум шудааст, ки ӯ ба ин корҳо даст надорад.
Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки мансабе, ки ба он Лангариев таъин шудааст, маъмулан ба рутбаи майор баробарӣ дорад.
Ёдрас мекунем, ки Бахтиёр Лангариев, яке аз бародарони маъруф миёни Лангариевҳо, полковники милитсия, собиқ фармондеҳи Дастаи махсуси зудамал пас аз 7 сол моҳи октябри соли гузашта ба Тоҷикистон баргашт. То замони тарки Тоҷикистон дар соли 2008 ӯ ба ҳайси роҳбари шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард.
Пас аз рӯйдодҳои соли 2008 дар Кӯлоб, ки ба бародари хурдии Лангариевҳо - Суҳроб Лангариев марбут буд, Бахтиёр Лангариев Тоҷикистонро тарк кард. Наздикону атрофиёнаш изҳор дошта буданд, ки Бахтиёр дар кишварҳои ИДМ ва Амороти Муттаҳидаи Араб қарор дошта, ба тиҷорат машғул аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста