Артиши Сурия беш аз 75 тан аз ҷангиёни созмони террористии ба ном Давлати исломӣ, аз ҷумла як фармондеҳ, зодаи Тоҷикистонро нобуд кардааст.
Бино ба иттилои хабаргузории Free News, нимаи ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Дайр-уз-Зор воҳидҳои гурӯҳи десантии гвардияи ҷумҳуриявӣ бо дастгирии нерӯҳои мудофиаи миллӣ дар ҷараёни задухӯрди шадид бо террористони Давлати исломӣ мавзеи Ас-Синъаро озод намуда, ҳамчунин зимни амалиёти махсус 75 нафар ҷангиён, аз ҷумла як фармондеҳи сахроии аз Тоҷикистон ба Сурия омадаро куштаанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба сарчашмаҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, дар Сурия Анӯшервон Азимов , сокини 26-солаи шаҳри Норак кушта шудааст, ки зиёда аз 100 нафар ҳамдиёронашро ба сафҳои Давлат исломӣ ҷалб кардааст.
Тибқи маълумоти сохторҳои қудратии Тоҷикистон, айни замон беш аз 1000 нафар сокинони Тоҷикистон дар сафҳои Давлати исломӣ қарор дошта, дар даргириҳои Ироқу Сурия меҷанганд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста