Дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳонаи шаби 25 ба 26 апрел, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон миёни сарҳадбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон ба вуқӯъ пайваст, ду нафар марзшиканон кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки шаби 25 ба 26 апрел дар қитъаи марзии дастаи сарҳадбонии «Ҳамадонӣ» гурӯҳи иборат аз 16 нафар қочоқбарони афғон марзро убур ва ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуданӣ будаанд.
«Онҳо ба огоҳии марзбонон итоат накарда, задухӯрди мусаллаҳона сурат мегирад, ки дар натиҷа ду қочоқбар куштаву се тан аз онҳо захмӣ ва боқимонда ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд», - иброз дошт ӯ.
Қайд шуд, ки дар макони ҳодиса 60 кило маводи мухаддири ҳашиш, 5 кило афюн, 1 адад автомати Калашников бо 3 адад тирдон, 80 дона тирҳои қутрашон гуногун ва 1 адад норинҷаки дастӣ дарёфт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, шаби 23 апрел низ дар ҳамин қитъаи марзи давлатӣ миёни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, як марзшикан захмӣ ва дигар қочоқбарон дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд. «Дар ҷойи ҳодиса 20 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шуд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки далелҳои мазкур мавриди санҷишу таҳқиқ қарор дода шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста