Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои боҳашамати Кохи афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни шиносоӣ бо бинои наву замонавии Кохи афсарон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар бино соли 2012 оғоз гардида буд. Иншооти мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин бо харҷи 19 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои кӯмаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тарафи як ширкати сохтмонии ҳамин кишвар бунёд шудааст.
Бино аз панҷ ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он асосан толори васеи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, утоқҳои маҳси бадан ва дигар нуқтаҳои фароғатӣ ҷойгир аст.
Дар қабати якуми бинои Кохи афсарон ошхонаи кушоду барҳавои муосир, утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, марказҳои гуногуни хизматрасонӣ, кошонаи ҳусн, мағозаи тиҷоратӣ, нуқтаи назорати камераҳои мушоҳидавӣ ва барои табобату расонидани ёрии аввалини тиббӣ як нуқтаи махсус бо тамоми шароит ба истифода дода шудааст.
Барои истироҳату фароғати афсарон ва меҳмонон ошхона ва меҳмонхонаи чинӣ бо 20 ҳуҷраи истиқоматӣ барои 40 нафар меҳмон дар ошёнаҳои дуюму сеюм, маҷлисгоҳ барои баргузории ҷаласаҳои гуногун, китобхонаҳои электронӣ ва утоқҳои алоҳидаи китобхонӣ мавҷуд аст.
Дар ошёнаҳои чоруму панҷуми бинои Кохи афсарон бошад, маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, толор барои гузаронидани конфронсҳои матбуотӣ ва дигар марказҳои фароғатӣ сохта шудааст. Дар маҷмуъ дар баробари дигар марказҳои хизматрасонию истироҳатӣ, инчунин дар ин бино 68 ҳуҷраи истиқоматӣ бо шароити лозима мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фаъолияту хизматрасонии Кохи афсарон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, ба роҳбарияти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои пешрафти кор аз ин имкониятҳои муҳайёкардаи ҳукумати мамлакат самаранок истифода баранд.
Барои хизматрасонии сатҳи баланд дар Кохи афсарон 70 нафар занону бонувон ва мардони соҳибмаълумоту бомаҳорат ва донандагони забонҳои хориҷӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Баъди шиносоии пурра бо Кохи афсарон дар толори маҷлисгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди афсарону дигар кормандони Вазорати мудофиаи кишвар сӯҳбати самимӣ доир кард.




Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард
Эмомалӣ Раҳмон қонуни мақоми омӯзгорро имзо кард. Акнун шаъну шарафи омӯзгор ҳифз мешавад?
Зиёратгаҳи риндони ҷаҳон. Чашмандоз ба рӯзгору осори дилангези Ҳофизи Шерозӣ ва оромгоҳаш дар Эрон
Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон. Имзои қариб 20 санади нав ва даъват аз ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак
Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, гардиши молу маҳсулотро то ба $2 млрд расонанд
Ҳушдори ҳавошиносон: Се рӯзи оянда дар кишвар борону барфи пуршиддат меборад
Аввалин тоҷики фотеҳи қуллаи “Исмоили Сомонӣ”. Маҳмурод Ашӯров чаро Назирбибиро меҷӯяд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 декабри соли 2025
Ҳамдардии сокинони Остонаву Бишкек дар робита ба куштори Қобилҷон Алиев
Амрико барномаи “Green Card”-ро муваққатан боздошт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста