Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маълумот доир ба гӯё боздошти 12 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар Маскав ба гумони иштирок дар омодасозии амалҳои террористӣ дар минтақаи гирду атрофи Маскавро рад кард. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров иттилоъ додааст.
Ӯ маълумоти чанде аз ВАО дар бораи мансубияти миллии террористони эҳтимолии аз ҷониби ҳамтоҳои русиягӣ боздоштшударо чунин шарҳ додааст: «Маълумоте мавҷуд аст, ки миёни боздоштшудагон шаҳрвандони дигар кишварҳо ҳузур доранд», - гуфтааст ӯ.
Намояндаи мақомоти амнияти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки пас аз санҷиши дақиқ ба хулоса расидаанд, ки боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи чоршанбе Хадамоти федералии амнияти Русия дар бораи боздошти шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ дода буд, ки «бо дастури роҳбарони созмонҳои байнулмилалии террористии дар қаламрави Сурия ва Туркия амалкунанда» дар гирду атрофи шаҳру вилояти Маскав ба омодасозии амалҳои террористӣ машғул будаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста