Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони рамзии «Хориҷиён» амалиёт ҷараён дорад, ки то 20 май идома меёбад. Амалиётро мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу КДАМ ва прокуратура баргузор мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, ин чорабинӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, то аввали моҳи равон аз тарафи гурӯҳи кории муштарак дар бозорҳои марказии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят, нуқтаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ, идораву муассисаҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ кору фаъолият мекунанд, санҷишҳо гузаронида шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ 91- нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 21-нафар шаҳрвандони Қирғизистон, 25-нафар шаҳрвандони Афғонистон, 4-нафар шаҳрвандони Молдова, 2- нафар шаҳрванди Ҳиндустон, 17-нафар шаҳрвандони Туркия, 16- нафар шаҳрвандони Сербия, 2- нафар шаҳрванди ИМА, 2- нафар шаҳрванди Бритониёи Кабир, 2- нафар шаҳрванди Ҷопон инчунин ташкилотҳои байналмиллалии «МСДСП», «ҶТЗ», «Донишгоҳи Осиёи Марказӣ» ва меҳмонхонаҳои «Деҳли- Дарбор», «Варзиш», «Сирена», «Лаъл», «Кевикас» таҳти санҷиш қарор дода шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти амалиёт аз тарафи гуруҳҳои корӣ 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ - муҳоҷирони меҳнатӣ барои вайрон намудани қоидаҳои будубош дар қаламрави ҷумҳурӣ, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.  

«Аз ҷумла 1 нафар шаҳрванди Молдова ба маблағи 800 сомонӣ, 1 нафар шаҳрванди Афғонистон ба маблағи 1600 сомонӣ ва 2 нафар шаҳрвандони Қирғизистон ҳар кадоме ба маблағи 800 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд», -омадааст дар маълумот мақомот.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ҳамагӣ аз ҳисоби ҷарима ба буҷети давлат 4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст.