Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ - аъзои ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ» боздошт гардиданд, ки дар рӯзи 9-уми май - ҷашни Ғалаба дар шаҳри Москва ва инчунин дар шаҳри Душанбе қасди анҷом додани амалҳои терррористиро доштанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 2 майи соли 2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар шаҳри Москва, дар якҷоягӣ бо кормандони ВКД ҶТ ва мақомоти қудратии Федератсияи Россия аъзоёни ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» - Саитов Айбек Салихджанович, соли таваллудаш 1984, зодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ҷ. Расулов, миллаташ узбек, Тошболтаев А.А., ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россияро дорад, дастгир гардида, аз онҳо ду автомат ва ду тирдон бо тирҳояш мусодира карда шуд.
Ҳангоми дастгир кардани ин гурӯҳи террористӣ Саитов А. муқовимати мусаллаҳона нишон дода, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ҷароҳат бардошт. Айни ҳол ӯ дар беморхона қарор дорад.
Гуфта мешавад, рӯзи 6 майи соли ҷорӣ, ҳаммаслаки онҳо шаҳрванд Менгликулов Достон Ҳасанович, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиён, миллаташ узбек, аъзои ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ҳангоми аз шаҳри Москва ба Тоҷикистон барои содир намудани акти террористӣ омадан, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир гардид. Аз руи нишондоди Менгикулов Д.Х. се нафар ҳаммаслакони ӯ аз ноҳияи Қубодиён дастгир карда шуда, инчунин аз ҷои зисти Саитов А.С. дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.
Ҳангоми азназаргузаронии манзили дастгиршудагон, дар ноҳияи Қубодиён як адад компютери тамғаи «Ноут-Бук», 6 флешкорт, 30 дона диск, 10 дона китобҳои экстремистӣ, 1 адад харитаи Тоҷикистон, 1 компас, инчунин ду адад мухобира ва ду адад таппончаҳои дарсомузӣ дарёфт ва мусодира гардид.
Дастгиршудагон аз ҷониби мубаллиғони ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ», ки айни ҳол дар давлати Сурия қарор доранд, раҳнамоӣ шуда, ин амалиётро бо номи «Красная свадьба» номгузорӣ ва тарҳрезӣ намудаанд. Айни ҳол нисбати номбурдагон чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста