Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Панҷакент, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, чун ҷузъи таркибии Комиссияи махсус оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҷиҳати корҳои бартарафсозӣ як қатор корҳоро ба сомон расониданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, айни замон комиссия ҷиҳати муайянсозии ҳаҷми хисорот фаъолият дошта, ҳамзамон кормандони наҷотдиҳӣ бо мақсади тақсим намудани кумаки башардӯстона барои аҳолии зарардида фаъолият доранд.
Гуфта мешавад, дар чунин як муддати кӯтоҳ аз тарафи Кумита ба 12 хоҷагиҳо, ки тақрибан 90 нафарро ташкил медиҳанд, 10 номгӯ кумаки аввалиндараҷа расонида шуда, корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.
Ёдрас мекунем, ки боришоти шадид ва сели зиёд ба шаҳри Панҷакент хисороти зиёд ба бор оварда , мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста