Котиби сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба хабарнигории РИА Новости изҳор доштааст, ки пас аз ҳодисаи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав 21 шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон раҳо шудаанд.
«Қазияи боздоштшудагони дигарро мо пайгирӣ дорем. Ҳадди ақал, огаҳем, ки 90%-и шаҳрвандони мо боздошт шудаанд. Баъдтар маълумоти дақиқи дар даст хоҳем дошт. Мақомоти пулис то кадом андоза ҷавобгар будан, будубоши қонунии онҳоро дар Маскав месанҷад. Мо медонем, ки аз шуъбаи пулиси Троитский 21 шаҳрванди Тоҷикистонро раҳо кардаанд. Касонеро, ки ҳуҷҷатҳояшон нуқс дорад ё ба чизе гумонбар медонанд, алҳол дар боздоштанд», - қайд кардааст дипломат.
Ӯ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки пас аз бетартибиҳо дар қабристони Хованское 3 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар шуъбаи эҳёгарии бемористонҳо бистарианд.
«Тибқи маълумоти мо, 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои тиббии шаҳри Маскав қарор доранд, алҳол ному насаби онҳо ба мо маълум нест. Се нафари онҳо дар шуъбаи эҳёгарӣ ва як тан дар ҳолат вазнин қарор дошад. Ин маълумотро мо тариқи сарчашмаҳои худ ба даст оварда, айни замон маълумоти расмиро интизорем. Ба департаменти тандурстии шаҳр мо дар ин хуусус дархост фиристодем», - гуфтааст ӯ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав бо иштироки ҳудуди 200 нафар занозанӣ рух дода, се нафар ҳамватанони мо ба ҳалокат расиданд. 112 нафар иштирокчиёни ҳодиса боздошт ва ба шуъбаи пулис мунтақил гардиданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, занозанӣ бар асари мубориза баҳри ба даст гирифтани назорат дар қаламрави оромгоҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Аз рӯи далели куштор Кумитаи тафтишот парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сафири Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов талаб намуд , ки дар бобати тафтишоти объективонаи ҳодиса ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани ашхоси гунаҳкор чораҳои фаврӣ андешад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста