Мақомоти тафтишоти машғул ба таҳқиқи ҳодисаи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав, ки ба куштору захмишавии одамон ва бетартибиҳои оммавӣ боис гардид, аз эҳтимол дур намедонад, ки роҳбари қабристони Хованское Юрий Чабуев 50%-и даромади муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ фаъолиятдоштаро аз худ карданӣ будааст. Дар ин бора имрӯз намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин хабар додааст.
Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости, Владимир Маркин изҳор доштааст, ки дар ҳодисаи муноқиша дар оромгоҳ «ҳамааш маъмуливу оддӣ аст» ва аллакай ҷузъиёти равшану возеҳ ҳам мавҷуд аст, ки бар пояи тақсими соҳаҳои нуфуз асос ёфтааст.
«Ин ҷо корхонаи шаҳрдории «Ритуал» ва нархҳо ҷой дошта, одамоне ҳам ҳастанд, ки дар ҳеҷ куҷое ба қайд гирифта нашудаанд ва атрофи ин ташкилотҳои тиҷоратии зиёде вуҷуд доранд. Нархгузорӣ ба одамоне, ки ҳама корро «ғайриқонунӣ» иҷро мекунанд, бамаротиб арзон аст. Ҳудуди панҷ сол онҳо озодона фаъолият доштанд, хеҷ касе ба онҳо кордор набуд. Замоне Чабуев ба тоҷикон муроҷиат кард, то ки 50% маблағи тиҷораташонро ба ӯ диҳанд», - гуфтааст ӯ ба радиои «Вести-ФМ».
Ба гуфтаи номбурда, агар маъмурияти қабристон воқеъан ҳам бо тиҷорати ғайриқонунӣ мубориза оғоз карданӣ буд, ки айни замон ҳимоягарон дар ин бора мегӯянд, мебоист оид ба посбонии бояду шояд тадбирҳо меанешид ва бобати аз оромгоҳ рондани муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд на ба дигар ҷинояткорон, балки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекард.
«Доир ба айбномаҳо (нисбати сардори оромгоҳ) дар ташкилу роҳандозии тиҷорати пасипардагӣ алҳол сухан намеравад, аммо дар ҷараёни тафтишот вазъ метавонад тағйир пазирад. Ман аз эҳтимол дур намедоннам, ки далелҳои тамаъҷӯӣ низ илова мешаванд», - илова кардааст Владимир Маркин.
Ёдрас мекунем, ки як рӯз қабл собиқ директори оромгоҳи Хованское ба ташкили занозанӣ дар ин қабристон иқрор шуд. Юрий Чабуев изҳор дошт, ки муҳоҷирони тоҷик дар оромгоҳ бидуни иҷозатнома кор карда, барои ҳалли ин мушкилот ӯ «бачаҳои варзишгар»-ро даъват кардааст ва онҳо мебоист коргарони тоҷикро аз қаламрави қабристон берун мекарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста